Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нисор Муҳаммади Афғон

Нисор Муҳаммади Афғон

Нисор Муҳаммади Афғон (1897, деҳаи Зиддии вилояти Пешовари Покистон — 28. 10. 1937), ҳодими давлатии советӣ, яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Дар Пешовар, Балуҷистон ва Афғонистон дар ҳаракатҳои озодихоҳӣ иштирок дошт. Соли 1920 бо чанде инқилобчиён ба Тошкент омад ва раияи советӣ шуд. Дар мактаби ҳарбии Тошкент, факултети шарқшиносии Университети давлатии Осиёи Миёна муаллимӣ кард.

Раиси шӯъбаи миллатҳои манбаи Комиссариати маорифи халқи Туркистон, ранен комиссияи илмӣ оид ба тоҷикон, яке аз муассисони гурӯҳи тоҷикии Университети коммунистии Осиёи Миёна (САКУ), Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкент (аввалин ректори он), Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1923—24 китобҳои ӯ «Раҳнамои ҳисоб» ва «Алифбо» ба табъ расиданд. Солҳои 1926—31 аввал ҷонишини якум ва баъд Комиссари маорифи халқи республика, дар ин муддат аъзои КИМ-и Тоҷикистон, аъзои Президи­ум» он ва намояндаи Комиссариати корҳои хориҷии СССР дар назди СКХ-и Тоҷикистон буд. Соли 1932 ба Москва рафта, ба аспирантураи Институ­ти шарқшиносии ба номи Наримонов дохил шуд ва дар институт аз забонҳои урду ва пушту дарс ҳам мегуфт.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …