Маълумоти охирин

Нимча

Нимча, як навъ либос. Нимча дар Дарвоз ва Помир аз давраҳои қадим ба вучуд омада, к а л т а ч а  ё   в а с к а т  ном дошт. Дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон баъди ба России дамрод шудани Осиёи Миёна расм шудааст. Нимчаро аз кундал, махмал, атлас ё алочаи гулдор ва адрас медӯхтанд. Ҳоло аз ласи сиёҳ, духоба низ медӯхтанд. Гиребони Нимча мувофиқи гардан мудаввар ё росту кушод мешавад ва барои ороиш гул медӯзанд. Солҳои охир Нимчаи махмалии зардӯзикардашуда бештар расм шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …