Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИЁСАТИ НАВИ ИҚТИСОДӢ

СИЁСАТИ НАВИ ИҚТИСОДӢ

СИЁСАТИ  НАВИ ИҚТИСОДӢ, низ, сиёсатест, ки аз тарафи КПСС ва Давлати Советӣ дар давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм гузаронида шуд. Ин сиёсат бо қарори Съезди 10-уми партия аз баҳори 1921 ба амал бароварда шуд. Аз он сабаб сиёсати нав номида шуд, ки аз сиёсати иқтисодии «коммунизми ҳарбӣ», ки онро Давлати Советӣ дар давраи интервенсияи ҳарбии хориҷӣ ва Ҷанги гражданӣ (1918—1920) маҷбуран пеш гирифта буд, фарқ дошт. Моҳияти Сиëсати нави иқтисодӣ аз мустаҳкам гардонидани иттифоқи синфи коргару деҳқон, барқарор намудани робитаҳои саноати сотсиалистӣ бо истеҳсолоти майдамолии хоҷагии деҳқонӣ бо роҳи васеъ истифода бурдани муносибатҳои пулию молӣ, ҷанд намудани деҳқонон дар сохтмони сотсиалистӣ иборат буд. Тадбирҳои иқтисодие, ки дар давраи Новая Экономическая Политика андешида шуданд, инҳоанд: ба ҷои развёрсткаи озуқавӣ андози озуқавӣ ҷорӣ гардид; давлат ба савдои хусусӣ ва корхонаҳои хурди капиталистӣ иҷозат дод; ба капитализми давлатӣ дар шакли консепссияҳо, иҷорагирии муассисаҳои майдаи саноатӣ ва замин таҳти назорати сахти давлатӣ роҳ дода шуд; саноати давлатӣ ба ҳисоби хоҷагӣ гузаронида шуда, ба меҳнат ба ҷои ҳаққи натуралӣ ҳаққи пулӣ ҷорӣ гардид ва ғайра.

  Сиëсати нави иқтисодӣ барои зуд барқарор шудани хоҷагии халқ ва бо роҳи сотслиалистӣ дигаргун сохтани он имкон дод.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …