Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати судя

Назорати судя

Назорати судя, фаъолияти мурофиавии судҳо роҷеъ ба қонунӣ ва асоснок будани ҳукмнома, ҳалнома, қарорҳо ва ғайраҳо, ба органҳои судӣ до- дани эзоҳоти дастурӣ доир ба дуруст истифода бурдани қонунгузорӣ ҳангоми дидани корҳои судӣ ва халли баҳсҳои бавуҷудомада дар байни судҳо. Назорати судя ба роҳи дидани қарорҳо аз рӯи шикояти кассатсионӣ ва эътироз аз рӯи ҳукму қарорҳо ва таъиноти ба ҳукми қонун надаромада (ниг. низ Кассатсия), аз рӯи эътирозҳои ба тариқи назоратӣ пешниҳодкардаи намояндагони масъули про­куратура ва суд аз болои ҳукмҳо, таъиноти қарорхои ҳукми қонуни пайдо карда, хулосаҳои прокурорҳо доир ба вазъияҳои аз нав бавуҷудомада татбиқ карда мешавад.

Ҳалли баъзе мубоҳисаҳои дар соҳаи идоракунии давлатӣ дар амалиёти суд ба амаломада ҳам яке аз шаклҳои Назорати судя мебошад (тафтиши шикоят оид ба дуруст ё нодуруст дохил ё хориҷ кардан ба рӯихати антихобкунандагон, беасос аз гражданинҳо ҷарима гирифтан барои кирдорҳои маъмурӣ, даъвои бекор ё тағйири қайдҳо дар актҳои ҳолати гражданӣ ва ғайра).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …