Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати навъ

Назорати навъ

Назорати навъ, муайян наму­дани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба ин ё он навъи растанӣ (ё дурага) ва сифати онҳо. Назорати навъ бо роҳи апро­батсия дар саҳро (санҷиши растанӣ дар саҳро ё таҳлили намунаи апро- батсионии он), анбор (апробатсияи тухмӣ дар анбори ғалла), назора­ти кишт (кишти намунаи миёнаи тухми ба қитъаҳои ҷудогона ва санҷиши сифати навъ аз рӯи растанӣ) ва назорати лабораторӣ (пеш аз кишт дар лаборатория муайян кардани аломатҳои навъ дар натиҷаи тадқиқи тухмӣ ва майсаю наврустаи онҳо) амалӣ мегардад. Назорати навъ ба системаи назорати тухмӣ мансуб аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …