Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати конститутсионӣ

Назорати конститутсионӣ

Назорати конститутсионӣ дар давлатҳои хориҷӣ тафтиши му- вофиқати қонун ва дигар актҳои нормативӣ бо конститутсияи мамла­кат. Назорати конститутсионӣ аз тарафи: а) ҳамаи судҳои умумии ҳуқуқи судкунидошта (масалан, дар ШМА, Аргентина, Да­ния,  Норвегия, Янония);       б) суди олӣ, ки инстансияи олии судӣ ҳисоб меёбад (масалан дар Австрия, Ҳиндустон, Боливия ва ғайра); в) судҳои махсуси конститутсионие, ки Назорати конститутсионӣ барои онҳо вазифаи асосист (масалан, дар Австрия, Италия, РФГ, Туркия, Кипр); г) ор­ганҳои махсуси ғайрисудӣ (масалан, Со­вети конститутсионии Франсия) мумкин аст ба амал бароварда шавад.

Қонунҳои муқаррарӣ, тағйирот ба конститутсия, шартномаҳои байналхалқӣ, регламенти палатаҳо, актҳои нормативии органҳои иҷроияи ҳокимият (дар мамлакатҳое, ки адлияи маъмурӣ надоранд) объектҳои Назорати конститутсионӣ шуда мета вонанд. Дар давлатҳои федеративӣ муайян кардани доираи ҳуқуқи байни иттифоқ ва субъекти фе­дератсия объекти Назорати конститутсионӣ мебошад. Назорати конститутсионӣ аз рӯи мазмун расмӣ ва моддӣ меша­вад. Органе, ки Назорати конститутсиониро ба амал мебарорад, ҳақ дорад тамоми қонун ё як қисми онро мухолифи конститутсия донад. Дар ин сурат нормаҳои мухо­лифи мазкур қувваи юридикии худро гум карда, истафодаи онҳо аз та­рафи судҳо ва органҳои дигари дав­латӣ қат мегардад.

Назорати конститутсионӣ дар мамлакатҳои сотсиалистӣ, пеш аз ҳама, аз тарафи органҳои давлатӣ ба амал бароварда меша­вад. Ҳар як органи давлатӣ дар до­ираи ҳуқуқиҳои худ ба риояи консти­тутсия назорат мекунад. Вазифаҳои махсуси Назорати конститутсионӣ, ҳамчун воситаи қонунияти сотсиалистӣ, ба зиммаи орган­ҳои суду прокуратура гузошта ме­шаванд. Дар баъзе мамлакатҳои со­тсиалистӣ (Югославия, Чехословакия) судҳои махсуси конститутсионӣ ташкил дода шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …