Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати давлатӣ

Назорати давлатӣ

Назорати давлатӣ яке аз шаклҳои татбиқи ҳокимияти давлатист. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Назорати давлатӣ дар шаклҳои гуногуни ташкилӣ аз тарафи ҳамаи органҳои давлатӣ бурда мешавад. Назорати давлатӣ ба маънои васеаш — ифодаи фаъолияти назоратии Совети Олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, Президиум ва комиссияҳои доимии он, ифодаи фаъолияти назоратии Советҳои Олии республикаҳои иттифоқию автономӣ, Президиум ва ко­миссияҳои доимии онҳо, Советҳои маҳаллӣ, Совети Вазирони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, республикаҳои иттифоқию автоно­мӣ, инчунин татбиқи назорат аз та­рафи вазоратҳо ва дигар органҳои давлатӣ мебошад. Дар баробари он дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ органҳои давлатие мавҷуданд, ки вазифаи асосии онҳо аз номи давлат ва ба манфиати он назо­рат кардан мебошад. Системаи ин гуна органҳоро Назорати давлатӣ меноманд. Асо­си ташкил ва фаъолияти Назорати давлатӣ нуқтаҳои назариявии ленинӣ мебошад, ки дар рафти таҷрибаи сохтмони давлатдории сотсиалистӣ то рафт бой мегарданд.

В. И. Ленин ба масъалаи назорат,  ба рафти амиқ омӯхтани вазъи кор дар корхонаю муассисаҳо вобаста буд, ба муайян кардани таҷрибаи пешқадам, паҳн намудани он, ки боиси нест кардани камбудиҳо мегардад, диққати калон медод. В. И. Ленин дар асари худ «Вазифаҳои револютсия» (1917) масъалаи дар миқёси умумидавлатӣ фавран ҷорӣ намудани назоратро ба миён гузошт. Дар миқёси тамоми мамла­кат Совети умумироссиягии назорати коргарӣ ба кори советҳои назорати коргарӣ роҳбарӣ мекард. Дар таркиби он доир ба соҳаҳои муайяни истеҳсолот комиссияҳои ревизорони мутахассис ташкил карда шуд. Январи 1918 Коллегияи марказии назоратӣ (КМН), Коллегияи баҳисобгирии назоратӣ ва Комиссияи назоратӣ дар маҳалҳо ташкил ёфт. Колле­гияи марказии назоратӣ июли 1918 ба Комиссариата халқии Назорати давлатӣ таб- дил дода шуд. Съезди 8-уми РКП (б) (марти 1919) дар бораи азнавташ- килкунии Назорати давлатӣ қарор қабул кард. Апрели 1919 КИМ-и Умумироссия ва СКХ-ии РСФСР “Дар бораи назорати давлатӣ” (СУ РСФСР, 1919 № 12, саҳ. 122) декрет баровард. Соли 1919 3 системаи назоратӣ (Комиссариати халқии Назорати давлатии РСФСР, органҳои муассисавию назоратӣ ва инспексияҳои назорати коргарӣ) амал мекард, ки фаъолияти Назорати давлатиро душвор мегардонид.

Феврали 1920 Комиссариати халқии Назорати давлатӣ ба Инспексияи коргару деҳқон (ИКД) табдил дода шуд, ки вазифаҳои зер ба зиммаи он гузошта шуда буд: назорат аз болои ҳамаи орган­ҳои идораи давлатӣ, органҳои идораи хоҷагӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ; мубориза ба муқобили бюрокра­тизм ва кашолкорӣ; гузаронидани тафтиши таъҷилӣ ва таҳқиқ; тафтиши иҷрои декретҳо ва қарорҳои Ҳокимияти Советӣ; назорат аз бо­лои риояи қонунҳо ва идоракунӣ ва ғайра.

Соли 1924 Комиссариати халқии иттифоқӣ-республикавии инспекси­яи коргару деҳқон, 1930 органи тафтишӣ доир ба иҷрои қарорҳои ҳукумати ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ — Комиссияи иҷроия дар назди СКХ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ бо сардории раиси СКХ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ташкил карда шуд. Ба ҳайати комиссия котиби КМ ВКП(б), раиси ВТССПС, комиссари ИКД ва раиси Марказии колхозҳо дохил мешуданд. Соли 1934 Комиссариати халқии ИКД барҳам дода шуд. Вази­фаҳои он ва Комиссияи иҷроия ба зиммаи Комиссияи советии назорати (КСН) назди СКХ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, ки ҳамон сол таъсис ёфта буд, гузошта шуд. Вазифаи асосии КСН аз тафтиши иҷрои муҳимтарин қарорҳои ҳукумат дар маҳалҳо иборат буд. Соли 1940 Комиссияи советии назорат ба Ко­миссариати халқии иттифоқӣ-рес- публикавии Назорати давлатӣ (1946 — ба вазорат), баъд вазоратҳои Назорати давлатӣ.ба комиссияҳои Назорати давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва рес­публикаҳои иттифоқи табдил дода шуд. Солҳои 1962—1965 дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ комитетҳои назорати партиявию давлатӣ амал карда, аз болои фаъолияти ор­ганҳои партиявию давлатӣ назорат мекарданд. Дар Пленуми декабрии (1965) КМ КПСС ба ҷои органҳои назорати партиявию давлатӣ ҳамчун органи Назорати давлатӣ назорати халқӣ таъсис карда шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …