Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назири Акбарободӣ

Назири Акбарободӣ

Назири Акбарободӣ Валимунаммад (тақр. 1740 Деҳлӣ — 1830, Агра), шоири ҳинду. Ба забони урду менавишт. Намояндаи равияи демократи дар адабиёти ҳинду Назари Акбарободӣ воқеият ва ҳаёти ҷамиятии Ҳиндустонро реалистока тасвир мекард. Назари Акбарободӣ доираи мавзӯъ, ғоя ва жанрҳои назми урдуро васеъ намуд. Маишат ва ахлоқи мардуми оддии ҳинд мавзӯи ашъори Назари Акбарободӣ қарор гирифтааст. Мавзӯи гражданӣ ҷиҳати асосии эҷодиёти ӯст. Оҳавгҳои беадолатии иҷтимоӣ дар достойнҳои «Тамошоҳо дар мавсими борон», «Ифлос» ва «Шаҳрошӯб» мушоҳида мешаванд. Назари Акбарободӣ дар асарҳои ҳаҷвиаш бекорхӯҷагии ашрофон ва муфтхӯрии рӯҳониёнро сарзаниш меку­над. Назари Акбарободӣ дар эҷодиёти худ анъанаҳои бадеии адабиёти форс-тоҷик ва Ҳиндро бо ҳам мувофиқ кунондааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …