Наздикбинӣ, миопия (аз юн. myo — нимпӯш мекунам ва ops, opos — чашм, босира), нуқсона чашм, ки дар натиҷаи он беморон чизҳои наздикро нағз ва дурро бад мебинанд. Гарчавде Наздикбинӣ модарзодӣ бошад ҳам, аксар вақт дар синни мактабӣ дар натиҷаи муддати дароз аз масофаи наздик ба хондан ё навиштан машғул шудан, норасоии равшани ва шароатҳои бади гигиенӣ ба вуҷуд меояд. Бемороии гирифтори Наздикбинӣ ҳама чизро аз наздик нигоҳ мекунанд.
Бивобар ин чашм монда шуда, мушакҳои он суст ме- шаванд ва ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани олусӣ мегардад. Се дараҷаи Наздикбинӣ маълум аст; суст (то 3 диоптрия), миёна (аз 3 то 6 диоптрия) ва баланд (зиёда аз 6 диоптрия). Ҳангоми дараҷаҳои суст ва миёнаи Наздикбинӣ барон муътадил гардидани биноӣ айнаки шишааш паҳнкунанда таъин мекунанд. Дар мавриди дараҷаи баланди Наздикбинӣ бошад, ба мӯътадил гардидани биноӣ ноил шудан душвор аст. Боди Наздикбинӣ боиси ба вуҷуд омадани катаракта мегардад.
Дар Тоҷикистон омӯзиши Наздикбинӣ аз соли 1957 оғоа ёфт. Солҳои охир дар назди беморхонаи клиникии республикавии № 3 шаҳри Душанбе оид ба пеш- гирӣ ва муолиҷаи Наздикбинӣ кабинетном махсус кушода шуданд.
М у о л и ҷ а: сари вақт ба духтур муроҷиат кардан.
Пешгирӣ: риоя кардани қоидаҳои гигиена и босира; дар сари вақт ошкор кардани Наздикбинӣ дар бачагов; обутоб додани организм ва ғайра.
Ад.: Многотомное руководство по глав» пым болезням т. 1, кн. 1, М., 1962; Рад* зиховскии Б. Л., Близорукост, Л., 1963; Возрастные особенности органа зрения в норме и при патологии (Под ред. Б. И. Ковалевского), М., 1981.