Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Назаров Талбак

Назаров Талбак

Назаров Талбак (таваллуд 15. 03. 1938, деҳаи Кангурти райони Данғара, вилояти Кӯлоб), иқтисодчии совети, аъзокорр. АФ РСС Тоҷикистон (1981), доктори илмҳои иқтисодӣ (1975) профессор (1976)Аъзои КПСС аз соли 1963.

Соли 1960 Институти молиявию иқтисодии Ленинград ба но­ми Н. А. Возне- сенскийро хатм кард. Солҳои 1960—1972 муаллим, аспи­рант, мудири кафедраи молия ва кредит, ҷонишини декан, проректори шӯъбаи шабона, 1976—1982 декани факултети иқтисодии УДТ ва аз 1982 ректори университет. Назаров зиёда аз 70 асари илмӣ нашр кардааст, ки асосан ба молия, бюҷети давлатӣ, масъалаҳои молияю кредит, масъалаҳои ҳавасмандонии иқтисодӣ оиданд. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 11). Во ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Корхонаҳои саноатӣ дар шароити нав. Д., 1909; В. И. Ленин дар бораи мо­лияи сотсиализм на масъалаҳои ҳавасмандонии иқтисодии истеҳсолот, Д., 1971; Развитие государственного бюджета Тад­жикской ССР после перестройки управ­ления народным хозяйством. Л., 1964; О фонде развития производства, М., 1976; Прогресси техникӣ ва самаранокии иҷти- содӣ, Д.. 1977.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …