Назаров Иван Николаевич (12.6. 1906 д. Кошелёво, хозира p-ни Кир- жачи вил. Владимир — 30. 7. 1957, Москва), химик-органики советй, акад. АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1953; аъзо-корр. 1946). Аъзои КПСС аз с. 1944. Соли 1931 Академияи хоҷагии қишлоқи Москва ба номи К. А. Тимирязевро хатм кардааст. Шогирди А. Б. Фаворский. Дар Институти химияи органикии АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1934—1947) кор кардааст; Профессори Институти технологияи дақиқи химиявӣ (1947—1957). Тадқиқотҳои илмии Назаров асосан ба химияи асетилен ва ҳосилаҳои он (махсусан винилатсетилен) бахшида шудаанд. Назаров якқатор пайвастҳои аз ҷиҳати физиологи фаъол, аз ҷумла промедол, клейи карбинолӣ ва стероидҳои бо андрогенҳо қаробат доштаро ҳосил намудааст. Лауреати Мукофоти давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1942, 1946). Бо 3 орден ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Ад.: Нестерова Н. М., Иван Николаевич Назаров, М., 1957 (Материалы к библиографии учёных ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ. Сер. химических наук, в. 23).