Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи омилҳо

Назарияи омилҳо

Назарияи омилҳо таълимотҳои сотсиологиест, ки тағйири вазъияти ҷамъиятро аз таъсири ягон ҳодиса (омили ягонаи ин тағйиротҳо) медонад.

Дар таърихи афкори иҷтимои я чанд кӯшишҳо чунин тарзи таъбири механизми инкишофи ҷамъият маълум аст. Шаклҳои географа, демо­графа, психологи ва дигар навъҳои детерминизм аз қабили онҳост. Ва­ле ин гуна кушишҳо ҳамеша вазъиятеро ба миён меовард, ки ҳодисаи ба сифати омил истифодашаванда, пеш аз сабаб шудан, натиҷа будааст. Дар охири асри 19 — ибтидои асри 20 як қатор сотсиологҳои буржуазӣ (М. Ве­бер, М. М. Ковалевский) марксизмро беасос ҳамчун назарияи якомила ба қалам дода (детерманизми ақтисодӣ), таълимоти ба ном омилҳои бисёрро ба он муқобил мегузоранд. Мувофиқи ақидаи онҳо инкишофи ҷамъиятро таъсири баробари омилҳои иқтисодӣ, демографӣ, динӣ, пси­холога ва ғайра муайян менамояд. Дар асл чунин ақида боиси эклектика, ба таври механикӣ пайвастани омил­ҳои мухталиф мегардад.

К. Маркс, Ф. Энгелс ва В. И. Ле­нин кушиши вулгаризатсияи марк­сизм, қамчун детерминизма иқтисодӣ таъбир намудани онро рад карданд. Марксизм ҷамъиятро чун системаи тараққикунанда дониста, мақоми ҳалкунандаи тарзи истеҳсолотро қайд мекунад. Ниг. низ Форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …