Назарияи ахбор, як фасли кибер- нетикаро гӯянд, ки ба тартиб додани тавсифоти математикӣ, баҳодиҳии методҳои интиқол, нигаҳдорӣ, истифодабарӣ ва таснифи информатсия машғул аст. Азбаски мафҳуми «информатсия» ва соҳаҳои татбиқи он хеле гуногунанд, Назарияи информатсия дар зинаи ҳозираи тараққиёташ аз маҷмӯи предметҳои гуногуни илмӣ иборат мебошад, ки дар ҳар яки онҳо соҳаи алоҳидаи ин мафҳум омӯхта мешавад.
Назарияи информатсия асосан предмети математикист, вай назарияи эҳртимолият, статистикаи математики, алгебраи хаттӣ, назарияи гурӯҳҳо, назарияи графҳо, назарияи бозиҳо ва дигар соҳаҳои математикаро истифода мебарад.
Ба Назарияи информатсияи математики америкой К. Шеннон (1948—49) асос гузоштааст. Дар ил к лш о фи он ниссаи математи- кони советй А. Н. Колмогоров ва А. Я. Хинчин, радиотехникнон советй В. А. Котелников, А. А. Харке- вич ва диг. низ калон аст. Мухимта- рнн кисми таркибнн Н. п. назарияи интитсоли информатсия мебошад. Пай- доиши назарияи интитсоли информатсия бо налли интихоб намудани суръати оптималии интиқоли информатсия (К. Шеннон, 1948) алоқаманд аст. Дар мавриди кодонии оптималӣ ва декодоние, ки дар он эҳтимолияти иштибоҳи информатсия ҳангоми интиқол хурдтарин мебошад, чунин суръати оптималиро ба даст овардан мумкин аст. Суръати оптималии интиқол, ки гузаронандагии канали алоқа ном дорад, тавассути миқдори информатсия ифода мешавад. Масъалаҳое, ки бо усулҳои оптималии нигаҳдории информатсия алоқаманд мебошанд, ба масъалаҳои интиқоли оптималии информатсия монанданд, зеро нигаҳдории информатсияро чун интиқоли он (аммо на дар фазо, балки дар фосилаи вақт) муоина кардан мумкин аст. Дар солҳои охир назарияи кодонӣ, ки ба тартиб додани алгоритм- ҳои конкретӣ ва нисбатан соддаи кодонӣ ва декодонӣ машғул аст, ривоҷ ёфт. Мавҷудияти чунин алгоритмҳо, ки аз рӯи имкониятҳои худ ба алгоритмҳои оптималӣ наздиканд, дар назарияи интиқоли информатсия исбот карда мешавад. Ҷиҳати хоси назарияи кодонӣ он аст, ки барои тартиб додани корҳои ҳалли масъалаҳои конкретӣ на танҳо аз усулҳои статистики, балки аз воситаҳои алгебра ва методҳои кибернетика низ истифода мебарад.