Маълумоти охирин

Назъ

Назъ (ар. — ҷонканӣ, ҷудошавӣ), дами марг, нафаси охирин. Аломатҳои Назъ душвор гардидани нафаскашӣ, аз ҳуш рафтан, суст шудани дил, аз кор мондани узвҳои ҳис ва ғайра мебошанд. Назъ аз якчанд дақиқа то якчанд соат давом карда, зоҳиран бо нафаси охирин, аниқтараш кашишхӯрии охирини дил ба итмом мерасад. Назъ ҳолати барнагарданда нест, дар баъзе мавридҳо (масалан, талаф додани хун, сакта, танг шудани нафас ва ғайра) тавассути ёрии сари вақти тиббӣ беморро аз марг наҷот додан мумкин аст. Дар адабиёти ба­деӣ ибораи Назъи р а в о н низ маъмул аст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …