Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Навкорам

Навкорам

Навкорам, деҳа, маркази Совети қишлоқ Навкорами райони Ёвон, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи совхози «Конститутсияи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ». Аз Навкорам то маркази район 3 км: роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1860 нафар (1982), асосан тоҷикон на ӯз­бекҳо. Деҳа мактаби миёна, 2 китоб­хона, клуб, хонаи маданият, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, боғчаи бача­ҳо, магазин, 2 ошхона, нонвойхона, комбинати хизмати маишӣ, устохонаи оҳангарӣ, парки мошину трактор, колоннаҳой сайёри механиконидашудаи рақамҳои 12 ва 22, идораи роҳсозии рақами 46 дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорию кир­макдорӣ. Заминҳо ба воситаи канал аз деҳаи Вахт обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …