Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Навил Кушур

Навил Кушур

Навил Кушур (1836, Али­гарҳ;—1895, ҳамон ҷо), муншӣ, рӯзноманигори ҳинду, муассиси чопхона, ношир ва тоҷири китобҳои шарқӣ. Забони модариаш урду. Дар оилаи муншӣ Ҷамна Дас таваллуд шуда, дар литсеи Агра ва донишкадаҳои Лоҳур таҳсил карда, забонҳои форсӣ ва арабиро омӯхтааст. Соли 1858 дар Лакҳнав чопхона ташкил карда, ба нашри маҷаллаи “Ауд ахбор” ва китобҳои форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ, тур­кӣ, урду ва ҳиндӣ (ба тарзи сангӣ- литографӣ) шурӯъ мекунад. Дар ме­ҷаллаи ӯ, ки нашраш то соли 1950 да- вом кардааст, адибони номӣ ва пешқадам — Мирзо Ғолиб, Алтоф Ҳу­сайн Ҳолӣ, Премчанд, Назир Аҳмад ва дигарон иштирок кардаанд. Худи Навил Кишур дар маҳаллаҳои урдузабони «Сафир» ва «Кӯҳи нур» ширкат варзида, дар ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Ҳиндустон ҳам мақоме дошт; вай дар ковгресси якуми Партияи Конгресси Миллии Ҳиндустон (1885, Бамбай) иштирок доштааст. Навил Кушир доруттарҷумае (бунгоҳи тарҷума) таъсис дода, осори форсию арабӣ, аз қумла, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавӣ*-и Ҷалолуддинн Румӣ, «Захираи Хо­размшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ, “Ик- cupu аъзам”-и Муҳаммади Аъзамхон, «Кимиёи саодат» ва «Эҳё-ул- улум-уд-дин»-и Ғазолӣ ва ғайраро ба ур­ду ва «Рамаяна», «Маҳабҳарата» ва дигар  асарҳоро аз санскрит ба форсӣ гардондааст. Бисёр китобҳоро (чун осори Ҳофиэ, Саъдӣ, Румӣ ва ғайра) бо шарҳ чоп кунондааст.

Осори бузургони Шарқро, ки дар матбааи Навил Кушур ба табъ расидаанд, дар тамоми дунё ёфтан мумкин аст. Асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, «Ғиёс- ул-луғот», «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун» барин китобҳо чанд- борӣ нашр ёфтаанд. Матбааи «На­вил Кишур», ки гоҳо иштибоҳан «Нӯлкишвар» низ мехонанд ва менависанд, то солҳои 20 асри мо вуҷуд дошт.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …