Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Навидии Куланг

Навидии Куланг

Навидии Куланг (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1460), шоири форс-тоҷик. Дар Балх таваллуд ёфта, пас аз ба камол расидан қисмати зиёди умрашро дар Бухорову Са­марқанд гузаронидааст. Навидии Куланг шахси донишманд, табъаш хеле баланд будааст. Дар сӯҳбатороӣ, ҳозираҷавобӣ машҳур буд. Чанде ба яке аз шайхони тариқати суфия — Мавлоно Муҳаммадамини Зоҳир мурид шуд, ва­ле баъдтар аз ин кор даст кашид. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ пас аз марги Навидии Куланг шахсе ба номи Назрӣ, аз доираи ҳунармандон, ки ба ӯ мӯътакид буд, ашъорашро ҷамъоварӣ намуд, вале онҳоро ҷилд накард ва он варақҳои пароканда аз байн рафтаанд; андаке аз ғазалиёти шоир тавассути тазкираву маъхазҳои адабӣ то замони мо боқӣ мондааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …