Маълумоти охирин
Главная / Илм / Навбатдорӣ

Навбатдорӣ

Навбатдорӣ, ҳ а қ қ и навбатд о р ӣ, мувофиқи ҳуқуқи меҳнатии советӣ баъди анҷоми сменаи корӣ, дар рӯзҳои истироҳат ё ид дар корхона, муассиса мондани коргар ба­рои иҷрои корҳои таъҷилие, ки онҳо ба кори муқаррарии вай дахл надоранд. Навбатдорӣ танҳо бо ризоияти комитети маҳаллии фабрикию заводии иттифоқи касаба (КМФЗИК) дар як моҳ як маротиба таъин карда ме­шавад. Ба Навбатдорӣ занони ҳомила ва модароне, ки фарзанди то синни 12 сола доранд, ҷалб карда намешаванд. Навбатдориро бояд аз меҳнати муқаррарии коргару хизматчӣ фарқ кард (чунончи навбатдории электромонтёр, духтур ва ғайра). Ба зиммаи навбатчиҳо гузоштани қаровулӣ, тафтиши рухсатнома ва қабули почта мумкин нест. Давомати Навбатдорӣ (ё кор ҳамроҳи Навбатдорӣ) аз давомати рӯзи корӣ набояд зиёд бошад. Ба шахсоне, ки дар рӯз­ҳои истироҳат ва ид Навбатдорӣ мекунанд, аз 10 руз дер намонда баробари даво­мати Навбатдорӣ рӯзи истироҳат муқаррар карда мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …