Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Насирои Ҳамадонӣ

Насирои Ҳамадонӣ

Насирои Ҳамадонӣ Хоҷа Насируддин ибни Хо­ҷа Масъуд ибни Хоҷа Ҳасанбеки Баруҷардӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1621), шоир ва насрнависи эронӣ. Насирои Ҳамадонӣ аз хонадони маъруф буда, бобоёнаш дар Баруҷард ҳукмронӣ мекардаанд ва баъдтар сокини Ҳамадон шудаанд. Насирои Ҳамадонӣ дар Ҳамадон ба дуньё омадааст. Ӯ илмҳои замонаш, хусусан риёзиётро ба хубӣ медонистааст. Зиндагиаш хеле бад мегузаштааст. Насирои Ҳамадонӣ пас аз азобу машаққатҳои зиёд ба Ҳиндустон сафар карда, ба дарбори Анбар роҳ ёфтааст ва пас аз чанде ба дарбори Қутбшоҳ— ҳокими Дакан рафтааст.

Девони ашъори ӯ аз 1001 байт иборат буда, бо номи «Девони Насироӣ» машҳур аст. Ин девонро худаш тартиб додааст. Ба ҷуз ин, намунаи насри ӯ дар маҷмӯае бо унвони «Муншаоти Насирои Ҳамадонӣ» гирдоварӣ шудааст. Ғазалу порчаҳои шеърие, ки дар сарчашмаҳон адабӣ омадаанд, аз табъи баланди шоирӣ ва ашъори дилнишини ӯ ша- ҳодат медиҳанд. Насирои Ҳамадонӣ дар онҳо аз бевафоии маъшуқа ва рӯзгори ноқинҷору носозиҳои замона ба шиква омадааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …