Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Насирои Хамадони

Насирои Хамадони

Насирои Хамадони Хоча Насируддин ибни Хо­ча Масъуд ибни Хоча Хасанбеки Баручарди (соли таваллуд номаълум — вафот 1621), шоир ва насрнависи эрони. Насирои Хамадони аз хонадони маъруф буда, бобоёнаш дар Баручард хукмрони мекардаанд ва баъдтар сокини Хамадон шудаанд. Насирои Хамадони дар Хамадон ба дуньё омадааст. У илмхои замонаш, хусусан риёзиётро ба хуби медонистааст. Зиндагиаш хеле бад мегузаштааст. Насирои Хамадони пас аз азобу машаккатхои зиёд ба Хиндустон сафар карда, ба дарбори Анбар рох ёфтааст ва пас аз чанде ба дарбори Кутбшох— хокими Дакан рафтааст.

Девони ашъори у аз 1001 байт иборат буда, бо номи «Девони Насирои» машхур аст. Ин девонро худаш тартиб додааст. Ба чуз ин, намунаи насри у дар мачмуае бо унвони «Муншаоти Насирои Хамадони» гирдовари шудааст. Газалу порчахои шеърие, ки дар сарчашмахон адаби омадаанд, аз табъи баланди шоири ва ашъори дилнишини у ша- ходат медиханд. Насирои Хамадони дар онхо аз бевафоии маъшука ва рузгори нокинчору носозихои замона ба шиква омадааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …