Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нашриёти “Маориф”

Нашриёти “Маориф”

«МАОРИФ» – нашриёти давлатии Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб. Январи 1958 таъсис ёфта, «Нашриёти давлатии адабиёти таълимию педагогӣ» ном гирифт. Январи 1963 бо Нашриёти Давлатии Тоҷикистон муттаҳид гардид. Январи 1967 боз мустақил шуд ва нашриёти «Маориф» номида шуд. Сентябри, ҳамон сол бори дуюм бо нашриёти «Ирфон» муттаҳид гардид. Бо фармони Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб (25 марти 1975) нашриёти «Ирфон» аз якуми апрели 1975 ба ду нашриёти мустақили республикавӣ — «Ирфон» ва «Маориф» ҷудо карда шуд.

«Маориф» нашриёти махсуси адабиёти таълимию педагогӣ буда, барои мактабҳои миёнаи маълумоти умумии республикаи мо ва ҷумҳуриҳои иттифоқи китобҳои дарсӣ, программаҳо, дастурҳои методӣ, луғатҳои гуногун, плакатҳо, таблиқаҳо, билетҳои имтиҳонот, журнали синф ва рӯзномаи талабагон нашр мекунад, инчунин барон мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ» республика китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимию методи ин оригиналӣ ва тарҷумавӣ интишор менамояд.

Яке аз соҳаҳои муҳими корӣ «Маориф» нашри адабиёти бадеии бачагон ва наврасон мебошад. Вай ҳар сол бисёр асарҳои бачагонаи адабиёти пешинаву имрӯзаи тоҷик, адабиёти классикӣ ва советии рус, халқҳои иттиҳоди шӯъравӣ ва адабиёти ҷаҳонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мекунад. «Маориф» солҳои охири шӯъравӣ 150—260 номгӯи адабиёт интишор менамуд, ки адади нашри андаряки онҳо 5 миллион нусха буд. Дар замони мустақилияти Тоҷикистон (аз 1991-1992) нашри ин нашрия дигар чоп намешуд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …