Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Наполеони Бо­напарт

Наполеони Бо­напарт

Наполеони I. Наполеони Бо­напарт (Napoleon Bonaparte; 15.8. 1769. Аяччо, Корсика —5. 5. 1821, ҷaзираи Ҳазрати Елени), ходими давлатӣ ва лашкаркаши Франсия аввалин консули Республикаи Франсия (1799- 1824) император (1804- 14 ва март—июни 1815) аз оилаи дворяни камбағал. Соли 1784 омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм карда, ба мактаби ҳарбии Париж дохил шуд. Хизмати ҳарбиаш аз октябри 1785 оғоз ёфт. Револютсияи охири асри 18-ро табрик намуда, ба Клуби якобичиён дохил шуд.

Соли 1793 барои тартиб додан ва иҷрои нақшаи озодкунии Тулон аэ исёнгарони монар­хист ва истилогарони англис сазовори унвони генерали бригада гар­дид. Октябри 1795, баъди пахш кардани исёии монархистон дар Париж, фармондеҳи гарнизони пойтахт таъин шуд. Солҳои 1796—1797 фармондеҳи ар­мия» Франсия буд, ки ба муқобили Австрия ва шоҳии Сардиния амал мекард ва ҳамчун лашкаркаш ва арбоби сиёсии барҷаста шуҳрат пайдо кард. 9—10 ноябри 1799 бо ёрии бур­жуазияи калон табаддулоти давлатӣ гузаронида, ҳокимиятро ба даст гирифт.

Соли 1802 консул ва 1804 импе­ратор эълон шуд. Сиёсати дохилиро ба манфиати буржуазия ва заминдорони калон пурра тобеъ намуда, диктатураи ҳарбиро пойдор кард. Маҷмӯи қонунҳое, ки бо иштироки Наполеон тартиб дода шуданад, ҳуқуқҳои ҷамъияти буржуазиро мустаҳкам менамуданд. Ӯ тамоми неъматҳои демократии револютсияро барҳам до­да, пеши ошӯбҳои халқиро гирифтанӣ шуд. Дар роҳи зери даст кар­дани бозори берунӣ саъй дошт, кӯшун ба кор мебурд, ки Франсия аз ҷихати тиҷорату саноат ва мустамликадорӣ дар Европа ва ҷахон якум бошад.

Наполеони I дар инкишофи санъати амалиёти ҳарбии ҷахон роли бузург, бозид. Навигариҳои армияи Франсияи револютсионӣ, стратегия ва тактикаи ҷангро такмил дод. Вай дар самти асосӣ ва ҳалкунандаи ҷанг ба душман зарбаи ногаҳонӣ мерасоид. Ба амалиёти муштараки қушунҳои пиёда, артиллерия ва савора аҳамияти калон медод. Дар натиҷан ғалабаҳои Наполеони I империяи бузурге таш­кил ёфт. Наполеони I барои ҳукмрони ҷаҳон гаштан соли 1812 ба муқобили Рос­сия ҷанг cap кард. Халқи рус арми­яи Наполеонро пурра торумор намуд. Ин боиси авҷи ҳаракати озодихоҳии халқҳои Европа ба муқобили зулми Наполеон I гардид. Наполеон I соли 1814 маҷбуран аз тахт даст кашид, вале соли дигар боз ҳокимиятро соҳиб шуд. Баъди мағлубият дар муҳорибаи Ватерлоо (18 июни 1815) боз аз тахт даст ка­шид (22 июни 1815) ва ба англисҳо асир афтода ба ҷазираи Ҳазрати Елена бадарға карда шуд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …