Нана дар асотири қадими Шарқ ва манбаҳои хаттӣ олиҳаи фаровонӣ, ҳимоятгари ҳайвоноту наботот, серфарзандист. Аввалҳо дар байни қабилаҳо ва кишварҳои гуногуни Шарқ (Байнаннаҳрайн, Шумеру Ошур) машҳур буд. Баъдтар ситоиши Нана дар Мисру Юнон, Порт, Кушония аз Суғд паҳн гардид. Ба ақидаи бостоншиносон, дар Порти Қадим маъбади Нана вуҷуд доштааст. Суратҳои гуногуни Нана то замони мо расидааст: бо Қомати рост дар болои шер, бабр ё ҷонвари дигари ваҳшӣ ҷом ва чӯбдасти салтанат дар даст дар ҳолати ҳаракат нишастааст. Дар суратҳои рӯи девори Панҷакент ва рӯи лаълии аз Хоразм ёфта шуда олиҳаи ҷахордасти зебое тасвир ёфтааст, ки муҳаққиқон тасвири Нана донистаанд. Дар сиккаҳои Кушониён зери акси Нана бо ҳарфҳои юнонӣ «Нано» навишта шудааст. Дар забони санскрит «нана» шакли қисми навозиш аз «модар» буда, ба ҳамин шаклу маъно дар забони тоҷикӣ низ боқӣ мондааст (чунончи, як қисми мардуми Бухороро Нана мегӯянд). Дар баъзе забонҳои помирӣ «нана» ба маънии модаркалон меояд. Дар забони язгуломӣ калимая «нан» ҳаст, ки маънии «замин», «модар» – ро дорад. Озарбойҷониҳо, эрониён пиз модарро «нана» мегӯянд. Нана ба Анаҳито (Ноҳид) айният дорад.
Ад.: Д я к о н о в а Н. В., Смирнова О. И.. К вопросу о культе Наны (Анахнты) в Согде, «Советская археология»» , 1967, №; Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1972.