Намояндагии тиҷоратӣ дар мамлакатҳои сотсиалистӣ органи давлатие, ки дар хориҷа ҳуқуқҳои давлати худро дар соҳаи ба он дахлдори монополияи савдои берунӣ амалӣ мегардонад. Намояндагии тиҷоратӣ бо ёдрори ҳукумати давлатҳои манфиатдор дар ҳудуди давлати дигар ва бо розигии он таъсис карда мешавад. Вазифаи Намояндагии тиҷоратӣ дар давлати бегона аз он иборат аст, ки манфиатҳои давлати худро дар соҳаи савдои беруни ҳимоя намояд ва ба иикишофи муносибатҳои тиҷоратӣ кӯмак расонад. Намояндагии тиҷоратӣ фаъолияти органҳои савдои беруниеро, ки хуқуқи ба бозори хориҷӣ мустақилона мол бароварданро доранд, ба тартиб меандозад ва назорат мекунад, барои овардани мол ба мамлакати худ ва гузаронидани мол ба тариқи транзитӣ иҷозат медихад. Хабар додан дар бораи шароитҳои умумии иқтисодӣ ва вазъи тиҷоратии мамлакати хориҷа ба Вааорати савдои берунии мамлакат худ низ ба уҳдаи Намояндагии тиҷоратӣ аст.
Намояндагии тиҷоратӣ қисми таркибии намояндагии ваколатдор буда, сохиби имтиёзу бартарӣ (масалан, доштани бинои намояндагӣ, тобеият ба конунҳои давлати худ; сардор ва ҷонишини Назорати тиҷоратӣ, ки ҳамчун роҳбар ба ҳайати шахсии сафорат дохиланд) мебошад. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ҳуқуқи Намояндагони тиҷоратӣ дар асоси Низомнома доир ба намояндагони тичоратӣ ва агентии тиҷоратии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалист дар хориҷа (Қарори КИМ ва СКХ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аз 13 сентябри 1933) муайян гардидааст.