Намояндагии дипломатӣ органи хориҷии муносибатҳои берунаи давлат бо сардории сафир (сафорат), элчӣ ё намояндаи дипломатӣ (миссия). Баъди барҷарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо шартномаи давлатҳои манфиатдор таъсис мешавад. Намояндагии дипломатӣ шӯъбаҳо (гурӯҳҳо) дорад, ки масъалан муносибатҳои иқтисодӣ, масъалаҳои сиёсӣ, матбуот, корҳои консулӣ, алоқаҳои маданӣ, инчунин атташеи ҳарбиро ба ӯҳда доранд. Ба ҳайати Намояндагии дипломатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ намояндагии тиҷоратӣ низ дохил мешаванд. Ҳайати Намояндагии дипломатӣ аз дипломатҳо (атташе, котибот ва маслиҳатчиён), ҳайати техникию маъмурӣ (коркунони идора, референтҳо, тарҷумонҳо, телетайпистҳо, стенографистҳо, котибони техникӣ ва бухгалтерҳо, ки паспорт ва рутбаи дипломатӣ надоранд) ва ҳаёати хизматӣ (ронандагон, фаррошон, посбонон, ошпазҳо ва ғайра— аз ҷумлав гражданҳон ҳар ду мамлакат) иборат аст.
Бинои Намояндагии дипломатӣ дахлнопазир аст. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ биное, ки Намояндагии дипломатӣ ва намояндагии консулии давлати хориҷӣ ҷой дорад, мувофиқи Низомнома «Дар бораи намояндагони дипломатӣ ва консулии давлати хориҷӣ дар территорияи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ» аз 23 май 1966 ва Конвенсияи Вена доир ба муносибатҳои дипломатӣ (1961) дахлнопазир буда, аз андоз озод аст. Ҳуччату архивҳои Намояндагии дипломатӣ низ дахлнопазиранд. Намояндагии дипломатӣ фаъолияти худро дар натиҷаи баста шудани сафоратхона ё аз тарафи давлати ваколатдорнамуда ҷеғ задани ҳайати сафорат, канда шудани алоқаҳои дипломатӣ ё cap задани ҷанг байни давлатҳои мазкур қатъ мегардад.