Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Намёткин Сергей Семёнович

Намёткин Сергей Семёнович

Намёткин Сергей Семёнович (03. 07. 1876, Қазон — 05. 08. 1950, Москва), химик — органики советӣ, акад. АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1930; аъзо-корр. 1932), Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Техникаи РСФСР (1947). Баъди хатми Университети Москва (1902) дар ҳамонҷо кор кардааст. Шогирди Н. Д. Зе­линский. Намёткин ҳамчун нишони эътироз соли 1911 ба муқобили сиёсати реаксионии вазири маориф Л. А. Кассо университетро тарк намуд. Солҳои 1912—1917 профессори Курсҳои олии занонаи Москва, 1918—1930 проф. (солҳои 1919—1924 ректор) -и Университети 2-юми Москва; 1930—1938 проф.

Институти технологияи дақиқи химиявӣ; 1938—1913 проф. Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ва аз соли 1948 директори Институти нефти АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ. Намёткин асосаи ҷиҳатҳои назарии карбогид- ридҳо, проблемаҳои илмию амалии химияи нефтро тадқиқ кардааст. Ӯ таркиб ва хосияти нефт ва газҳои табиии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ-ро омӯха, усули муайян кардани карбогидридҳои носерро дар маҳсулоти нефт ёфт ва дар коркарди ба таври катализӣ ароматонии фраксияҳои нефт иштирок намуд. Лауреати Мукофоти давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1943, 1949). Бо ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Сбор.’ тр., т. 1—3, М., 1954—55.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …