Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Наливкин Владимир Петрович

Наливкин Владимир Петрович

Наливкин Владимир Петрович (15. 06. 1852, Калуга — 20. 01. 1918, Тошкент), муаррих ва шаркаднноси рус. Аз оилаи офитсер. Дар корпуси 1-уми кадетии Петербург (1864) ва Мактаби ҳарбии Павловск таҳсил намудааст. Аз соли 1871 дар полки 6- уми казакҳои Оренбург хизмат кард. Иштирокчии юриши армияи рус ба хонии Хӯҷанд (1875). Ба сиёсати мустамликадории Россияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна муқобил баромада, истеъфо дод. Минбаъд муаллими мактаби русию маҳаллии Намангон ва семинарияи Тошкент. Тадқиқоти Наливкин масъалаҳои таърих, этнография ва забонҳои халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷиконро дар бар мегирад. Асари бо ҳамроҳии ҳамсараш М. В. Наливкина навиштаи ӯ «Очер­ки тарзи зиндагии занони маҳаллии Фарғона» сазовори медали тиллои ҷамъияти географии Рус гардид. Наливкин муаллифи зиёда аз 40 асару мақолаҳои илмӣ мебошад. Ӯ инчунин «Луғати русӣ- сартӣ ва сартию русӣ»-ро тартиб додааст. Баъзе асарҳои Наливкин ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Ас.: Краткая история Командского ханства, Казан, 1886; Туземтсы ранше и тепер, Ташкент, 1913.

Ад.: Лунин Б. В., Историография общественных наук в Узбекистане, Таш­кент, 1974.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …