Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нажоди Помиру Фарғонагӣ

Нажоди Помиру Фарғонагӣ

Нажоди Помиру Фарғонагӣ нажоди Мовароуннаҳр, як типи нажодиро гӯянд, ки ба нажоди калони европои мансуб аст. Антро­пологи советӣ Л. В. Ошанин онро «нажоди Мовароуннаҳр», А. А. Ярхо бошад, «нажоди помиру фарғонагӣ» номидаанд. Ҷиҳатҳои фарқкунандан он қомати баланду миёна, мӯю чаш­мони сиёҳ, пӯсти гандумгун, бинии борики теғадор, риши ғуллию сермӯии бадан ва ғайра мебошад. Маълумоти палеоантропологӣ қадимӣ ва таҳҷоӣ будани аҳолии мансуби ин нажодро собит менамояд. Тоҷикон ба ин нажод мутааллиқанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …