Маълумоти охирин

Мӯза

Як навъи пойафзол. Мӯза аз соқи дароз (то зону), руйкаш, кафакӣ ва пошна иборат буда, баъзан бо кашидадузӣ, зарҳал оро меёфт. Намудҳои мухталифи (мӯзаи амирхон, хром ё чармӣ, бухороӣ ва ғайра) Мӯзаро дар фаслҳо ва маросимҳои гуногун мепӯшиданд. Яке аз намудҳои Мӯза «мӯзаи кафтаргузар» буда, пошнаи баланд дошт ва онро бузкашон пӯшида, бо ёрии пошна пои худро дар рикоб мустаҳкам нигоҳ медоштанд. Ҳоло дар фабрикаю иттиҳодияҳои махсус намудҳои гуногуни мӯзаҳои мардона, занона, бачагона (резинӣ, чармӣ, брезентӣ ва ғайра) тайёр карда мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …