Маълумоти охирин

Мӯрӣ

Мӯрӣ , дудкаш, дудбаро, равзан, танӯра ё сурохии махсус барои берун рафтани дуд. Мӯрӣ дар хонаҳои анъанавии ноҳияҳои шимолӣ  Тоҷикис- тон сохта мешуд ва дуди оташдон ба воситаи он мебаромад. Мӯрӣ аз боми хона 40—90 см баланд бардошта мешуд. Чунин Мӯриҳо дар Осиёи Миёна аз қадим маълум буда, ҳангоми ҳафриёти димнаи Гарданаи Ҳисор (pайони Айнӣ), инчунин аз мақбараҳои Муҳаммади Башоро (райони Панҷакент) ва Шайх Муслиҳуддин (шаҳри Ленинобод) ёфт шуданд. Номи Мӯр шояд аз номи хонаи махсус, ки Мӯр ном дошту дар он аҳли оила ё гурӯҳи одамон гулхан афрӯхта, дар атрофаш менишастанд, баромада бошад. Ин гуна мӯрҳо то миёнаҳои асри 20 дар Яғноб вуҷуд доштанд. Ад.: Материалная култура таджиков верховев Зеравшана, Д., 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …