Маълумоти охирин

Мӯина

1) пӯсти ҳайвоноҳи мӯинадор. Мӯинаро бо роҳи шикори ҳайвоноти мӯинадор ё парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ ба даст меоранд. Мӯина зимистони ва баҳорӣ мешавад. Мӯинаи зимистонӣ пӯстест, ки тирамоҳу зимистон ҳангоми баланд будани сифати он тайёр мекунанд (қашқалдоқ, санҷоб, қундуз, сагобӣ, рӯбоҳ ва ғайра). Мӯинаи баҳорӣ пӯсти ҳайвоноти серпашм, ки баҳору тирамоҳ, тайёр мекунанд (бурундук, кӯрмуш, калламуши обӣ, юрмон, хаз ва ғайра). Мӯинаро аз рӯи сифаташ ба кражҳо (р-нҳои мӯинатайёркунӣ) ҷудо ме­кунанд. Краж барои ҳар як намуди Мӯина гуногун аст: пӯсти рӯбоҳи сафеди шимолиро ба 6, санҷобро ба 13, рӯбоҳи сурхро ба 38 краж ҷудо ме­кунанд. Хушсифатии Мӯина ба сифатнокии пашм (масалан, пашми рӯбоҳи кабуди шимолӣ маҳин ва дурушт ме­шавад), ранг (масалан, савсори нарми кабуд, кабуди баланд, зарди дорчинӣ ва ғайра мешавад) ва дараҷаи нуқратобии он вобаста аст. Мӯинаи пӯсти санҷоб, рӯбоҳ, рӯбоҳи шимолӣ, савсор, хаз, шағора, ондатра, қоқум, самур бештар тайёр карда мешавад. Мӯинаи самур, сагобӣ, қундуз, рӯбоҳи шимолӣ ва шағора хеле қимматбаҳоанд. Мӯинаи самур, моли махсуси экспортӣ мебошад ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аз рӯи хаҷм ва сифати Мӯинаро дар ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол мекунад ва дар бозори ҷаҳонии Мӯина мавқеи муҳим дорад. Дар мӯинатайёркунӣ хоҷагиҳои пар­вариши ҳайвоноти ваҳшӣ аҳамияти калон доранд; 2) мӯй; либоси аз мӯй бофташуда.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …