Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ ТУРСУНЗОДА

МУЗЕИ ТУРСУНЗОДА

muzey-tursunzodaМУЗЕИ ТУРСУНЗОДА, музеи ёдгорию адабии МирзоТурсунзод а, ки бо қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҳикистон ва Совети Вазирони республика 21 марти соли 1978 дар хонаи шоир (шаҳри Душанбе, кӯчаи Карл Маркс, 79) таъсис ёфтааст. Дар рӯзҳои ҷашни 70- умии солгарди таваллуди Мирзо Турсунзода барои тамошобинон кушода шуд. Музеи Турсунзода аз ду қисм (ёдгорӣ ва адабӣ) иборат аст. Дар қисми ёдго­ри ашёи хона, асбобу анҷоми шахсӣ, китобхонаи шоир ва мероси бадеии ӯ гирд омадаанд. Қисми адабӣ, ки мутобиқи марҳилаҳои ҳаёту эҷодиёти Мирзо Турсунзода мураттаб гардидааст, 5 намоишгоҳ (хона)-ро дар бар мегирад. Намоишгоҳи 1 аз давраи бачагию наврасии Мирзо Турсунзода ҳикоят мекунад. Дар миёнҷои хона дарахти чормағз мавҷуд аст, ки худи шоир шинондааст. Дар деворҳои хона акси зодгоҳи шоир — деҳаи Қаротоғ ҷой гирифтааст. Намоишгоҳи 2 материалҳои оид ба оғози фаъолияти эҷодӣ, сурату дастнависҳои айёми ҷавонии Мирзо Турсун- зодаро дар бар мегирад. Дар намоишгоҳи 3 суратҳо, тӯҳфаҳои ба муноснбати 50-солагиаш гирифтаи Мирзо Турсунзода, инчунин мизи кории ӯ ҷой гирифтааст. Намоишгоҳи 4 «Шӯҳрати ҷаҳонии шоир» ном дошта, аз сафарҳои хориҷии Мирзо Турсунзода ҳикоят мекунад. Дар ин хона китобҳои ба забонҳои хориҷӣ тарҷумашудаи ӯ гузошта шудаанд. Дар намоишгоҳи 5 хотираву ёддоштҳо дар бораи Мирзо Турсунзода, мукофотҳои давлатӣ, бюсти ӯ ва ғайра фароҳам омадаанд. Воҳидоти маҳфузи Музеи Таъриҳӣ тақрибан 20000 экспонатро ташкни медиҳад.

П. Турсунзода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …