МУЗЕИ РЕСПУБЛИКАВИИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСИИ БА НОМИ РУДАКӢ, яке аз музейҳои калонтарини республика. Соли 1958 дар шаҳри Панҷакент бо қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (аз 14 июли 1955) ба муносибати 1100-солагии рӯзи таваллуди Рӯда- кӣ таъсис ёфтааст. Музей ҳафт толори эксоозитсионӣ дорад, ки дар онҳо қариб 15 ҳазор (1978) экспонат мавҷуд аст. Экспонатҳо тамошобинонро бо ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Рӯдакӣ, бозёфтҳои ҳафриёти археологии шаҳри қадимаи суғдиён — Панҷакент, такомули тадриҷии одам аз асри санг ва биринҷӣ то замоини мо, таърихи тоинқилобӣ ва ҷамъияти советӣ, бо олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ ва истифодаи онҳо, дарёҳову кӯлҳо ва иқлими водим Зарафшон шинос мекунанд. Толори экспонатҳои таърихи давраи советй ғалабаи Револютсияи Октябр ва барпо карда шудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, ғалабаи сотсиализм, иштироки халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45), комёбиҳои халқи тоҷик дар давраи баъдиҷангй ва ғайраро инъикос менамояд.
Бинои Музейи республикавии таъриху кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ дар Панҷакент.
Асарҳои дар толори санъати тасвирӣ гузошташуда ба таърихи инкишофи санъати тасвирӣ ва маданияти мардуми вилояти Ленинобод бахшида шудаанд. Дар Музей барон аҳолии деҳоти вилояти Ленинобод дар мавзӯъҳои «Санъати суғди қадим», «Панҷакент дар солҳои Ҳокимияти Советӣ», «Моҳияти реаксионии дини ислом», «Ватанам — СССР», «Қарорҳои Съезди 26-уми Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС — дар амал» ва ғайра виставкаҳои сайёр ташкил карда мешаванд.
Музей дар азназаргузаронии умумииттифоқию республикавии кори му- зейҳо сазовори дипломи дараҷаи I Вазорати маданияти Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР (1977) гардидааст.
Н. Боймуродов.