Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ МУТТАҲИДАИ РЕСПУБЛИКАВИИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИ- НОСӢ ВА САНЪАТИ ТАСВИРИИ

МУЗЕИ МУТТАҲИДАИ РЕСПУБЛИКАВИИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИ- НОСӢ ВА САНЪАТИ ТАСВИРИИ

dushanbe-muzey-behzodМУЗЕИ МУТТАҲИДАИ РЕСПУБЛИКАВИИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИ- НОСӢ ВА САНЪАТИ ТАСВИРИИ ба номи Беҳзод, музеи калонтарини республика, ки дар майдони ба но­ми Садриддин Айнии ш. Душанбе воқеъ аст. Музей соли 1934 дар заминаи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии қишлоқи республика таш-кил ёфтааст. Соли I960 бо Музеи саньати тасвирии ба номи Беҳзод муттаҳид гардид. Музей дорои шуъбаҳои табиат, таърихи тореволютсионӣ,  давраи советӣ, санъати тасвирӣ,  фондхои таъриху кишваршиносӣ ва илмию оммавӣ буда, 31098 (1977) экспонат дорад. Экспонатҳои шуъбаи табиат тамошобинонро бо олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ ва истифодаи онҳо, дарёҳову кӯлҳо ва иқлими республика шинос мекунад. Дар шуъбаи таърихи тореволютсионӣ экспонатҳои роҷеъ ба таърихи аҷдоди тоҷикон, асрҳои миёна, халқи тоҷик дар дав­раи Револютсия солҳои 1905—07, зисту зиндагонии онон ҷой дода шудаанд.

Бинок Музеи муттаҳидаи республикавии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Беҳзод.

Шуъбаи таърихи давраи советӣ ғалабаи Револютсияи  Каб.ири  Сотсиалистт Октябр ва барпо карда шудани Ҳокимияти Сове­тӣ дар Тоҷикистон, ғалабаи сотсиа­лизм, иштироки халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45), комёбиҳои давраи баъдиҷангӣ ва ғайраро инъикос менамояд. Асарҳои дар толори шуъбаи санъати тасвирӣ гузошташуда ба таърихи инкишофи санъати тасвирӣ, ҳаккокӣ ва маданияти Тоҷикистон бахшида шуда­анд. Кормандони музей бо корҳои илмию оммавӣ, аз ҷумла ба гирд овардан ва ҷо ба ҷо гузоштани экспонатҳои нав, тартиб додани картотекаю фотофонотекаҳо машғуланд. Дар байни омма виставкаҳои сайёри экспонатхоро ташкил карда,

бо муборизони фаъоли барпо ва мус­таҳкам намудани Ҳокимияти Сове­тӣ дар Тоҷикистон, ташкилотчиёни фаъоли сохтмони колхоз, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пешқадамони истеҳсолот вохӯриҳо мегузаронанд. Дар Музей маҷмӯаҳои илмиву оммавӣ, ба монанди «Ахбороти музеи муттаҳидаи республикавӣ» нашр карда мешаванд.

Адабиёт:       Сообщения  республиканского объединенного музея, выпуск 1—4, Сталинабад, Душанбе, 1952—66; Историко-краевед­ческий музей Таджикской ССР, Путево­дитель по залам. Сталинабад, 1958; Қувватов А., Кори маданӣ-равшаннамоӣ дар давраи ҳозира, Душанбе. 1973.

О. Мӯсоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …