Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Мӯйсаргирон

Мӯйсаргирон

Яке аз маросимҳои халқи дар Осиёи Миёна. Маросими Мӯй баъди яксола шудани писарбача барпо мешавад. Яке аз муйсафедони серфарзанд бо қайчӣ мӯйсари кӯдакро каме мегирад, сипас аз сараш танга, қанд, мавиз ва ғайра мепошанд. Баъд модар ё модаркалонаш мӯйсари ӯро тоза мегиранд. Дар маросими Мӯйсаргирон баъзан чорво кушта, хешу табор ва баъзан аҳли маҳалла ё гузарро даъват мекунанд. Меҳмонон ба писарак сару либос, бозича ё ягон туҳфаи дигар меоваранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …