Маълумоти охирин

Мӯй

Мӯина, торҳои найчамонанди маҳин ва нозукеро гӯянд, ки аз пӯсти бадани одам ва умуман ширхӯрҳо мебарояд. Мӯй бадани ширхурҳоро аз таъсири механикӣ, хунукӣ ва ғайра муҳофизат мекунад. Қисми дар рӯи пӯст будаи Мӯй тор ва қисми дар зери пӯст будаи он бошад, ре­шаӣ Мӯйро номида мешавад. Тор аз ҳисоби реша инкишоф меёбад ва ғизо мегирад. Решаи Мӯй дар халтачаи Мӯй ҷойгир шудааст. Ба халтачаи Мӯй роҳи ғадудҳои равғани атрофи он кушода мешавад. Дар ғилофаки даруни халтачаи Мӯй пиёзаки Мӯй ҷойгир шудааст. Мӯй намакҳои нитроген, фос­фор, сулфур, натрий, калий, калсий, магний, оҳак, манган, мис ва ғайра до­рад. Мӯй аз се қабат иборат аст: қаба­ти марказӣ (мағз), мобайнӣ (пӯстлох) ва берунӣ (кутикула). Ҳуҷайраҳои мағз ва пӯстлох пигменти ме­ланин доранд, ки ранги Мӯй (сиёҳ, малла, сафед, сафедтоб, сурхтоб ва ғайра) ба он вобаста аст. Суръати сабзишу муддати инкишофи Мӯйи шир­хурхо гуногун мебошад. Мӯйи бештари онҳо дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ рехта аз нав мебарояд. На­муди зоҳирӣ, дараҷаи сабзиш ва давомоти инкишофи Мӯйи одам ба синну сол, ҳолати системаҳои асаб ва эндокринии ӯ, сироят ва нигоҳубини Мӯй вобаста аст. Дар одами со­лим Мӯй моҳе ба ҳисоби миёна 1— 1,5 см месабзад. Ҷингилакунии химиявӣ, рангкунӣ, муддати дароз зе­ри офтоб ё дар хунукӣ сарлуч гаш-тан, бисёр шустан (дар 7—10 руз як маротиоа шустан тавсия карда мешавад) ва ғайра ба сабзиши Мӯй таъ­сири манфӣ мерасонад. Дар бораи бемориҳои Мӯй ниг. Пиодермия, Себо­рея.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …