Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУВОЗИНАТИ ХИМИЯВӢ

МУВОЗИНАТИ ХИМИЯВӢ

balansi-khimiyaviМУВОЗИНАТИ ХИМИЯВӢ, ҳолати системаеро гӯянд, ки дар он як ё якчанд реакцияҳои химиявии бартаридошта ба амал меояд ва бар замми ин барои ҳар яке аз онон суръатҳои реакцияҳои мустақим ва ғайримустақим бо ҳам баробаранд. Дар натиҷа таркиби худи система ба қадри вучуд доштани шароити мавҷудияти вай бетағйир мемонад. Дар ҳолати оддитарин, яъне дар сурате, ки системаи якҷинса муоина мешавад ва дар он реакцияи химиявии баргардандаи А + В *=* C + D

ба амал меояд, суръати реакцияи мустақим ба концентрацияи моддаҳои ба реакция дохилшавандаи, = г,[АМВ] ва суръати реакцияи ғайримустақим ба концентрацияи моддаҳои баъди реакция ҳосилшаванда Ua – r2[CMD] мутаносиб аст. г, ва г2 — собитаҳои суръати реакцияҳо дар шароити додашуда. Агар = 0 бошад, Р\ аз рӯи концентрацияи аввалаи А ва В муайян карда мешавад. Баробари сарфшавии ин моддаҳо ва ҳосилшавии С ва D i>i каму v2 зиёд мешавад. Минбаъд онҳо баробар (wj = = ^2) мешаванд, яъне Мувозинати химиявӣ барқарор мегардад:

IGJ [D] ft,

[А] (В] ft*

Дар ин ҷо [С], [D], [А], [В] — концентрацияи мувозинати реагентҳо мебошад, К—с обитаи мувозинати реакцияҳои баргардандаест, ки ба муҳити беруна вобастагӣ дорад. Таносуби ба миён омада қонуни таъсири массаҳоро ифода мекунад. Дар Мувозинати химиявӣ концентрацияи ҳамаи реагентҳо бо якдигар алоқаманданд. Тағйирёбии яке аз ин концентрация ба тағйир ёфтани дигарашон боис мегардад. Вобастагии Мувозинати химиявӣ ва муҳити берунаро сифатан тавассути принципи Ле-Шателье-Браун ва миқдоран тавассути муодилаҳои дахлдори термодинамикӣ ифода мекунанд. Омӯзиши Мувозинати химиявӣ аҳамияти назариявию амалӣ дорад, зеро процессҳои гуногуни технологӣ дар системами мураккаби бисьёркомпонента гузаронида мешаванд. Дар технологияи химиявӣ муайян кардани Мувозинати химиявӣ ҳангоми гуногун будани фишору ҳарорат ва ба ҳисоб гирифта шудани суръати реакцияҳо барои шароити оптималии процессҳо, аз ҷумла шароити ба ҳадди меҳин ҳосил кардани мҳсулоти химиявӣ имконият пеш меоварад.

Ад.: Курс физической химии, т. 1, М., 1969.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …