Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мӯътаман Зайнулобидин

Мӯътаман Зайнулобидин

Мӯътаман Зайнулобидин (таваллудаш 1914), адабиётшинос ва нависандаи эронӣ. Аз солҳои 30 ба арсаи адабиёт қадам ниҳодааст. «Таҳавулли шеъри форсӣ» (1950) ва «Шеъру адаби форсӣ» (1953) аз ҷумлаи тадқиқоти беҳтарини у мебошавд. «Ашъори баргузидаи Соиб» ва «Гулчини Соиб»-ро ба нашр ҳозир кардааст. Романи таърихии «Ошёнаи уқоб», ки аа воқеаҳои замони Салчуқиён ва махсусан рақобати Низомулмулк бо асосгузори исмоилия дар Эрон — Ҳасани Саббоҳ ҳикоят меку­над, намунаи насри бадеии ӯст. Мӯътаман инчунин шеърҳои зиёде низ дорад, ки дар маҷмӯи  «Барге чанд аз дафтари зиндагӣ” гирд омадаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …