Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСУЛМОНҚУЛОВ Раҳим

МУСУЛМОНҚУЛОВ Раҳим

personМУСУЛМОНҚУЛОВ Раҳим (таваллуд 21. 1. 1938, деҳаи Ебузи pайони Қубодиён), адабиётшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1980). Аз оилаи деҳқон. Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1962. Лаборанти калони кафедраи забони арабӣ (1963)            , аспирант (1963—66), муал-лими кафедраи адабиёти советии тоҷики Университети Давлатии Тоҷикистон (1967—79) буд. Аз соли 1980 мудири ҳамин кафедра. Аввалин мақолаи Мусулмонқулов— «Нахустин повести нависандаи ҷавон» (1960) буда, ронеъ ба асари Б. Ортиқов “Таътил» баҳс мекунад. Дар мақолаву рисолаҳои Мусулмонқулов масъалаҳои таърихи адабиёти гузашта, эҷодиёти адибони муосир, робитаҳои адабӣ, афкори назариявию эстетикии суханшиносони асримиёнагии форс-тоҷик, масъалаҳои илми бадеъ таҳқиқ шудаанд: «Ёдгори муфид ва Номеъ» (1972), «Дар бораи сохт ва мундариҷаи «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ял-ашъор»-и Кошифӣ» (1973), «Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ ва баъзе масъалаҳои тафсири истилоҳоти адабиётшиносӣ дар асрҳои X— XV» (1973), «Мафҳуми «қасида» дар сарчашмаҳои назариявии асрҳои XI—XV» (1979) ва ғайра аз муҳимтарин мақоладҳои Мусулмонқулов мебошанд. Муаллифи рисолаҳои «Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик» (1970), «Талаби замон ва равобити адабӣ» (1973), «Асрори сухан» (1980). Мусулмонқулов дар омӯзиш ва нашри осори адабиётшиносони асрҳои миёна хизмати шоиста дорад. Вай рисолаҳои адабиётшиносии Атоуллод Маҳмуди Ҳусайнӣ «Бадоеъ-ус-саноеъ» (Душанбе, 1974) ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ил-ашьор»-ро (Москва, 1977) бо муқаддимаю тавзеҳот ба табъ расонидааст.

Х.Асоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …