Маълумоти охирин

МУСТАЙ КАРИМ

personМУСТАЙ КАРИМ (тахаллус; ном ва фамилия Мустафо София Каримов; таваллуд 20. 10. 1919, деҳаи Кляшево, ҳозира райони Чишмини Республикаи Автономии Сосетии Сотсиалистии Бошқирдистон), шоири советии бошқирд, Шоири Халқии Республикаи Автономии Сосетии Сотсиалистии Бошқирдистон  (1963), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1979). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1944. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45). Асарҳояш аз соли 1935 чоп мешаванд. «Отряд роҳӣ шуд» (1938, ҳамроҳи В. Нафиқов) ва «Оҳангҳои баҳор» (1941) маҷмӯаҳои аввалини ашъори Мустай Карим мебошанд. Фоҷиаҳои ҷанг ва қаҳрамонии мардуми советӣ дар достонҳои «Суруди декабри» (1942), «Улмасбой» (1942—44), «0бҳои сиёҳ» (1961) ва бисёр шеърҳои лирикии Мустай Карим тасвир шудааст. Солҳои 60 оҳангҳои иҷтимоию фалсафии ашъори Мустай Карим қавитар шуд (китобҳои «Гуфтугӯи дарёҳо», 1961; «Вақте ки турнаҳо омаданд», 1964 ва ғайра). Мустай Карим муаллифи песаҳои «Тӯй давом дорад» (1947), «Духтардуздӣ» (1959), «Шаби гирифтани моҳ» (1964; Мукофоти давлатии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия ба номи К. С. Станиславский, 1967; с. 1975 дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ба забони тоҷикӣ ба саҳна гузошта шуд), «Мамлакати Ойгул» (1969) ва ғайра аст. Мустай Карим барои бачаҳо чанд повест навиштааст. Повести «Дӯстони як диёр» (1966) ва маҷмӯаи шеърҳои Мустай Карим «Сохили мурод» (1971) ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Мустай Карим солҳои 1951—62 раиси Правленияи ИН Бошқирдистон буд. Котиби Правленияи ИН РСФСР (аз 1962). Ҷонишинн Ранен Президиумн Совета Олии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР (аз 1963). Лауреата Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР барои асари «Ҳамқадами замон» (1972). Бо 2 ордени Ленин, 5 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …