Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУСИҚИИ КАМЕРАВӢ

МУСИҚИИ КАМЕРАВӢ

musikai-kameraviМУСИҚИИ КАМЕРАВӢ (аз лотинӣ camera — хона), асари мусиқист, ки барои дастаи хурди навозандагон ва сарояндагон эҷод шудааст (дуэт (дугона), трио (сегона), квартет (чоргона), соната, романс ва ғайра. Асарҳои мусиқии якканавозӣ, ки хоси асарҳои эстрада ва консерт нестанд (фуга, ноктюрн ва ғайра), низ ба Мусиқии камеравӣ тааллуқ доранд. Оромию пурнафосатӣ ва муҷазӣ хусусияти асосии Мусиқии камеравӣ мебошад. Мусиқии камеравӣ асри 16 дар Италия аввал ба жанрҳои вокалӣ ва минбаъд ба дигар жанрҳои мусиқӣ роҳ ёфтааст. Дар ташаккули хусусиятҳои Мусиқии камеравӣ мактаби мусиқии Вена роли калон бозидааст. Бастакорони Тоҷикистон С. А. Баласанян, А. Ленский, Ш. Сайфиддинов, Ҷ. Охунов, X. Аб-дуллоев, А. Ҳамдамоо, Д. Дӯстму-ҳаммадов ва Ф. Бадор дар офаридани асарҳои калони Мусиқии камеравӣ — квартет, трио’ ва романсу балладаҳо ҳисса гузоштаанд. Квартети тории иборат аз чор қисми Ш. Сайфиддинов, романс барои виолончел ва фортепиано, фуга ва вариасия барои фортепианои 3. Шаҳидӣ, трио барои скрипка ва фортепиаҳои X. Абдуллоев ва ғайра аз чумлаи онҳост. Онҳо ҳам барои асбобҳои мусиқии европоӣ ва ҳам барои асбобҳои миллӣ (рубоб, най, чанг, қӯшнай ва ғайра) асарҳои зиёди камеравӣ офаридаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …