Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУРОДОВ Мухтор Қодирович

МУРОДОВ Мухтор Қодирович

personМУРОДОВ Мухтор Қодирович (таваллуд 20. 2. 1936, деҳаи Хамирҷӯи pайони Конибодом), анестезиолог ва реани­матологи советӣ, доктори илмҳои

тиб (1970), профессор (1974). Саранестезиолог ва реани­матологи Вазорати нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистт Тоҷикистон. Баъди хатми  факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷи- ‘ кистон (1959) то соли 1964 духтур-анестезиолог ва реа­ниматологи клиникаи республикавии беморхонаи бемориҳои сили рақами 1 буд. Солҳои 1964—67 ассистенти кафедраи бемориҳои сил, 1967— 74 досенти кафедраи ҷарроҳии умумӣ, 1974—78 мудири кафедраи анес­тезиология ва реаниматологияи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ва аз соли 1978 дар институти мазкур декани интернатура ва таҷрибаи истеҳсолӣ мебошад. Бо ташаббуси Муродов маркази реаниматсионӣ барои калонсолон ва лабораторияи «Гурдаи сунъӣ» ташкил карда шудааст. Муродов муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ мебошад. Тадқиқотҳои ӯ ба масъалаҳои патогенез ва табобати ноқисии нафасгирӣ баъ- ди ҷарроҳӣ, тағйироти патофизиоло­гӣ ва биохимиявӣ дар ҳолатҳои ниҳоят вазнини беморӣ ва ғайра бахшида шудаанд. Ӯ раиси Ҷамъияти респуб- ликавии анестезиологҳо ва реаниматологҳо мебошад.

Ассо: Диагностика и лечение миллиарного ателектаза лёгких, Душанбе , 1973; Асрори кушодани банди аҷал, Душанбе, 1975 (ҳамроҳи Т. Тошпӯлотов); Интенсивная терапия и реанимация астматических состояний (бронхиальная астма), Душанбе, 1979.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …