Маълумоти охирин

Мурд

Мурд, (Myrtus), ҷинси растаниҳои буттагӣ ё дарахтии ҳамешасабз аз оилаи мӯрдиҳо. Баргҳои муқобили ҳамдигар ҷойгиршуда, гули аксар тоқаи дуҷинсаи актиноморфӣ ва ғуҷуммева дорад. Қариб 100 намудаш бештар дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии Америка ва қисман Евросиё, Африка, Австралия ва Зеландияи Нав мерӯяд. Як намуди Мурд (М. communis)-po (ниг. расм) аз қади- мулайём чун растании ороишӣ кишт мекунанд. Баргу поя ва қисмҳон дигари Мурд communis равғани эфир дорад. Бинобар ин онро чун хӯриши таом ва дар атриёт истифода мебаранд. Барг, тухм ва меваи Мурдро дар тибби халқии Ҳиндустон, Ара­бистон, Осиёи Ми­ёна ва мамлакатҳои дигар чун дорувор кор мефармоянд. Ибни Сино марҳами баргу ме­ваи Мурдро барои табобати шикастагии устухон, зарбу лат, омос, захм, ҷӯшоби  Мурдро барои табобат аз заҳри мор ва дуди баргу пояашро барои табобати табларза истифода бурдааст. Ӯ Мурдро чун воситаи кос­метикӣ (барои нест кардани озах, доғи кунҷитак, бӯи нохуши бадан ва ғайра) низ тавсия кардааст. Мурд соmunis-po дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ, Кав­каз ва Қрим дар замини кушод, дар ноҳияҳои дигари мамлакат бошад, дар хонаю гулхонаҳо чун растании ороишӣ кишт мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …