Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРАВЁВ Никита Михайлович

МУРАВЁВ Никита Михайлович

muravjov-nikitaМУРАВЁВ Никита Михайлович (30. 7. 1796, Москва — 10. 5. 1843, деҳаи Урики pайони Иркутски вилояти Ир­кутск), декабрист, капитани гвардия (1825). Дар Университети Москва таҳсил кардааст. Аз соли 1813 дар хизмати ҳарбӣ буд. Иштирокчии юришҳои хориҷии армияи рус (1813—14). Чан­де дар Париж зистааст. Аз рӯи ақидааш республикачӣ. Аз соли 1821 аъзои Думаи олӣ, роҳбари Ҷамъияти шимолии декабристон ва аъзои директорини Ҷамъияти ҷанубии декабрис­тон. Муаллифи лоиҳаи конститусияи давлатии ояндаи рус* Дар асари «Гуфтугӯи аҷоиб» зарурати шӯриши зидди истибдодро асоснок намуд. Азбаски дар деҳа буд, дар шӯриши 14 декабри 1825 иштирок карда натавонист. Декабри 1825 дастгир ва дар қалъаи Петропавловск ҳабс шуд. Аз тарафи Суди олии ҷиноятӣ ба қатл маҳкум ва он бо каторгаи 20-сола иваз шуд. Дар Сибир (ҳамроҳи М. С. Лунин) мақолаи «Таҳлили гузориши тафтишоти комиссияи махфии соли 1826»-ро тартиб дод. Муравёв оид ба таърихи кори ҳарбӣ як қатор асарҳо офаридааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …