Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРАВЁВ-АПОСТОЛ Сергей Иванович

МУРАВЁВ-АПОСТОЛ Сергей Иванович

sergei_ivanovich_muraviev-apostolМУРАВЁВ-АПОСТОЛ Сергей Ива­нович (9. 10. 1796, Петербург — 25. 7. 1826, ҳамон ҷо), декабрист, под­полковник. Аз оилаи дипломат ва нависанда. Институти инженерони роҳҳои алоқаи Петербургро хатм карда­аст (1811). Иштирокчии Ҷанги ватанӣ (1812) ва юришҳои хориҷии армияи рус (1813—14). Январи 1825 аз тарафи П. И. Пестел ба ҳайати Ҷамъияти ҷанубии декабристон қа­бул ва яке аз роҳбарони он шуд. Сентябри 1825 бо М. П. Бестужев-Рюмин Ҷамъияти славякҳои муттаҳидро ба Ҷамъияти ҷанубӣ ҳамроҳ кард. Аз рӯи ақидаи худ республикачӣ ва душмани сохти крепостной буда, солҳои 1823—25 нақшаи якчанд шӯриши яроқнокро дар армия тартиб дод. Соли 1823 ба ақидаи П. И. Пес­тель доир ба зарурати куштани подшоҳ шарик шуд. Ба воситаи солдатҳои собиқи полки Семёнов, ки ба Украина омада буданд, дар қӯшунҳо пропагандаи револютсиониро ба роҳ монд. Аввали ноябри 1825 директори сеюми Ҷамъияти ҷанубӣ таъин шуд; ба тайёрии шуриши қисмҳои Хар­бии ҷануби Россия роҳбарӣ кард. Ши­каст хӯрдани декабристҳоро фаҳми- да, шуриши полки Черниговро ташкил ва сардорӣ кард. Муравёв сахт ярадор шуда, асир афтид. Муравёв дар қатори панҷ нафар роҳбарони шӯриши декабристҳо ба дор кашида шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …