МУОМИЛОТИ ПУЛӢ, ҳаракати пай дар паи пул дар просесси муо- милоти молҳо, хизматрасонӣ ва адои қарз. Муомилоти пулӣ боиси муомилоти молӣ аст. Шаклҳои Муомилоти пулӣ ба типи системаҳои пулӣ вобастаанд. Микдори пули барои муомилот зарур бояд ба маблағи нархҳои моле, ки ба адади гардиши пулҳои аломаташон якхела тақсим шудаанд, баробар бошад ва маблағи пули молҳои ба қарз фурӯхташуда ба ҳисоб гирифта шавад. Дар давраи капитализм Муомилоти пулӣ барои гардиши капитал, додани музди кори коргарони кироя ва даромади табақахои дигари ҷамъият хизмат мекунад. Муомилоти пулӣ дар давраи капитализм характери стихиявию инфлясионӣ дорад. Дар мамлакатҳои сотсиалистӣ Муомилоти пулӣ ба просесси такрористехсоли сотсиалистӣ хизмат мекунад. Дар асоси баплангирии мо- лияи давлатӣ, тартибдиҳии планҳои кредитӣ, плани кассаҳои Банки давлатӣ, баланси даромаду хароҷоти пулии аҳолӣ танзим карда мешавад. Дар мамлакати мо асоси тарақкии плании Муомилоти пулӣро моликияти ҷамъия- тӣ будани воситаҳои истеҳсолот ва консентрасияи моли бисёр, ки дар корхонаҳои сотсиалистӣ истеҳсол карда, мувофиқи план фурӯхта мешаванд, ташкил медиҳад.
Адабиёт.: Денежные обращения и кредит Союз Советских Социалистических Республик, Москва, 1966; Бортник М. Ю., Денежные обращения и кредит капиталистических стран, Москва, 1967.