Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОДИЛАИ ЛАПЛАС

МУОДИЛАИ ЛАПЛАС

МУОДИЛАИ ЛАПЛАС, муодилаи дифференсиалии ҳосилаҳояшон ху- сусии

muodilai-laplas-ро гӯянд: ин ҷо х# у, г — тағйирёбандаҳои мустақил, и = u(x, у, х) функсияи матлуб. Ин муодиларо бо­ри аввал соли 1782 П. Лаплас дар асарҳояш оид ба назарияи ҷозиба муоина кардааст. Ҳалли як қатор масъалаҳои физика ва техника бо воситаи Муодилаи Ланграж ёфта мешавад. Муодилаи Лангражро ҳарорати дар просессҳои стасионарӣ, потенсиали майдони магнитӣ дар нуқтаҳои аз зарядҳо озоди фазо, по­тенсиали майдони ҷозиба дар соҳае, ки массаҳои ба ҳамдигар кашиданашаванда надорад ва ғайра қонеъ мегардонанд. Функсияҳое, ки Муодилаи Лапласро қонеъ мегардонанд, функсияҳои гар­монӣ номида мешаванд. Дар бораи гузориши масъала доир ба Муодилаи_Лаплас нигаред мақолаи Масъалаҳои канорӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …