Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ

МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ

personМУНҶИКИ ТИРМИЗӢ  Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Мувофиқи тасдиқи соҳиби таърихи «Эҳё-ул-мулуке, дар қарияи Мунҷики Тирмиз таваллуд ёфтааст ва тахаллуси адабиаш ҳам ба зодгоҳаш нисбат до­рад. Мунҷики Тирмизӣ пас аз таҳсили илму дониш ва ҳамчун шоир шуҳрат ёфтан, муддате дар дарбори Чағониён, алалхусус дар маҳфили адабии дар­бори Амир Тоҳир ибни Фазли Ча­гонӣ ширкат доштааст. Девони Мунҷики Тирмизӣ чи дар замони ҳаёт ва чи баъди вафоташ машҳур будааст ва мувофиқи шаҳодати Носири Хисрав (дар “Сафарнома») девони ӯро берун аз Мовароуннаҳру Хуросон ҳаводорони назми форсӣ-тоҷикӣ мутолиа мекардаанд. Вале то замони мо аз ашъо­ри Мунҷики Тирмизӣ танҳо ҳиссаи хеле каме ба сурати байту порчаҳои ҷудогона ра- сидааст. Аз шеърҳои ба мо дастраси ӯ маълум аст, ки ба ҳаҷву ҳазл рағбат доштааст ва ҳаҷваш ба таври хеле заиф бошад қам, ба як қатор масоили иҷтимоӣ, аз қабили танқид ва тамасхури намояндагони ҷудогонаи табақаи ҳукмрон, гурӯҳи доро, иллат ва нуқсонҳои ҳаёти замонаш дахл кардааст. Мунҷики Тирмизӣ бо маҳсули адабии худ, хусусан ҳаҷвиёташ, дар пешрафти адабиёти асри 10 роли калоне бозида, дар таърихи адабии ин аҳд мақоми шоистасро ишғол намудааст. Ашъори боқимондааш дар китоби «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1958) ҷой дода шудаанд.

Адаӣиёт:      М и р з о е в А., Абӯ Абдулло Рӯдакй, Сталинобод, 1958;

З. Аҳрорӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …