МУМТОЗ Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобид (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва хаттоти асри 17 тоҷик. Аз оилаи ҳунарманд. Дар Самарқанд касби камол карда, дар шеъру шоирӣ шогирди Бадеи Ҷа- молистонӣ (Самарқандӣ) будааст. Ба таъкиди Тоҳири Насрободӣ дар фанни шеър аз устодаш бештар шӯҳрат доштааст. Мумтоз мувофиқи маълумоти Малеҳо шоири соҳибдевон будааст, вале девонаш то ба ҳол пайдо нест. Намунаҳои ашъори ӯ, ки асосан aз ғазал ва рубоӣ иборатанд, дар маҷмӯаву баёзҳои асрҳои 17 ва 18 дучор мешаванд. Дар ашъори Мумтоз зимни мавзӯъҳои анъанавй баъзе андешаҳои ахлоқию иҷтимоӣ ифода ёфтаанд. Аз намунаҳои эҷодиёти боқамондаи шоир бармеояд, ки ӯ нисбат ба воқеияти замон ва аҳли давлату сарват назари танқидӣ доштааст. Лирикаи Мумтоз саршори фараҳу ҳаётдӯстист. Забони асарҳои Мумтоз соддаву фаҳмост ва бисёр таъбиру таркибҳои нав дорад. Мумтоз хаттоти моҳир низ буда, дар давраи қаҳтию гуруснагӣ (нимаи дуюми асри 17) аз пешаи хаттотӣ рӯз мегузарондааст.
Адабиёт: Мирзоев А., Сайидо Насафи и его место в истории таджикской литературы, Сталинабад, 1954. Ҳ. Самадов.