Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУМТАНЕЪУЛВУҶУД

МУМТАНЕЪУЛВУҶУД

muholМУМТАНЕЪУЛВУҶУД (арабӣ— вуҷудаш номумкин, буданаш муҳол), истилоди фалсафаи асримиёнагии Шарқи Наздику Миёна барои ифодаи чизе, ки ҳастии он муҳол аст. Ба ақидаи файласуфони машшоъ Мумтанеъулвуҷуд чизест, ки адам, яъне нестӣ барои он зарур аст. Агар ба­рои воҷибулвуҷуд будан ва барои имконулвуҷуд ба вуқӯъ пайвастан зарур бошад, барои Мумтанеъулвуҷуд  ин амр но­мумкин аст. Мумтанеъулвуҷуд  ин хилофи имконулвуҷуд (мумкинулвучуд) аст, зеро чизи мумкин дар шароити муайян аз қувва ба феъл табдил меёбад. Чунон ки Абӯалн ибни Сино мегӯяд: «Бидон, ки ҳар ҳоле, ки ҳодис шавад пеш аз вуҷуд, мумкинулвуҷуд бошад, ки агар на чунин бошад, мумтанеъ бошад» («Ишорот ва танбеҳот», Теҳрон, 1332, д. ш., саҳифаи 184).

К. Олимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …